Дастуру шиори ишқ созад дили ман, Шоҳмоту қимори ишқ бозад дили ман. Як зарра ғами суду зиёнаш набувад, Сар монда ба дори ишқ нозад дили ман.