Чу иззат боядат, тарки тамаъ кун, Гадоёнро аз ин маънист хорӣ. Маҳ аз хуршеди равшан чун зиё хост, Сияҳрӯ гашт аз он беэътиборӣ, Дурафшон гашта чун бар фарқи мардум, Ба шоҳон чатр шуд, абри баҳорӣ.