Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ, Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.