Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун. Зи оби ҷуй ҳар соат, Ҳаме бӯи гулоб ояд. Дар ӯ шустаст пиндорӣ, Нигори ман рухи гулгун.