Ҳар машъала чун сар кашад аз пояи хеш, Обод кунад сояи ҳамсояи хеш. Зинҳор, магир домани мурдадилон, Девори фитода мекушад сояи хеш.