Дилакам мекушояд
Булбул ғазал мехонад,
Дилакам мекушояд.
Барг нам мерезонад,
Дилакам мекушояд.
Абри гузар медавад,
Дилакам мекушояд.
Сабза мурғак меравад,
Дилакам мекушояд.
Чӯпон садо мекунад,
Дилакам мекушояд.
Рама чаро мекунад,
Дилакам мекушояд.
Деҳқон замин меронад,
Дилакам мекушояд.
Досак лона мемонад,
Дилакам мекушояд.
Модарам нон мебандад,
Дилакам мекушояд.
Чашми саҳар механдад,
Дилакам мекушояд.
