Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камол Насрулло
Камол Насрулло

ТОҶИКИСТОНРО МАКУН ҚИСМАТ

(Хитоб ба маҳалгароён) Тоҷикистонро дигар қисмат макун, Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон, Модареро чун тавон қисмат намуд, Пора-пора байни фарзандон! Тоҷикистонро дигар қисмат макун, Байни Дарвозу Хуҷанд! Дидаӣ оё дарахте сабз бошад Бе замин, бе реша, бе пайванд! Мо ватан гӯён ватанро хурд кардем он қадар, То ки ӯ аз қиссаҳо бар кисаҳо ҷо шуд, Деҳ ба деҳ, дарё ба дарё, санг то санг, Тоҷикистон то шавад аз мо. Зи асли худ ҷудо шуд, Узв–узвашро чунон аз худ намуданд, То кунун бе дасту бе по шуд, Чун шавад гар модареро баёни худ қисмат кунанд!?