Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камол Насрулло
Камол Насрулло

ҲАДАФИ УМР

Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф аст, Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф аст. Ватани ман ватани шеъру суруди азалист, Ватани ман ватани ишқу диёри шараф аст. Ҳадаф ин нест, ки бошиву надонӣ ҳастӣ, Мардро дар раҳи ҳақ сина кушудан ҳадаф аст. Ҳадаф он нест, ки ту қимати гавҳар дорӣ, Ҳадафи умр бурун рафтани ту аз садаф аст. Сози мо нест чу зу-зуи яке сӯзанаке, Сози мо бонги барозандаи табл асту даф аст. Ҳастии мост, ҳар он лаҳза, ки бо дил будем, Боқии умр ҳама хобу хаёлу талаф аст...