Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Рӯбоҳ ва паланг

Буд набуд як паланге Бо як рӯбоҳи ланге, Дар як беша ҷо доштанд, Бо ҳам муросо доштанд. Якҷоя кор мекарданд, Ҳарду шикор мекарданд, Вақти шикор ҳамеша Рӯбоҳи пурандеша, Ҳилла мекарду найранг, Пеш мегардид аз паланг. Сайде агар шуд пайдо, Рӯбоҳ истода дар ҷо, Думашро меҷунбонид, Палангро мефаҳмонид. Паланг, ки наздик омад, Ба ғурридан даромад, Рӯбоҳ мегуфт: – Андак ист, Акнун пашму ёлат хест, Чашмат сурху ало шуд, Думу гӯшат боло шуд, Дандонҳоро ханҷар кун, Акнун ҳуҷумро сар кун! Паланг ҳам тайёр мешуд, Дар иҷрои кор мешуд, Аввал мекард ӯ маҳмез, Пас якбора мезад хез, Сайдашро мехобонид, Дилашро медарронид, Баъд якҷоя мехӯрданд, Ба хона ҳам мебурданд. Гурбае бо як харгӯш Мекофтанд хонаи муш, Ногаҳ ғавғо шуниданд, Палангу рӯбоҳ диданд, Кофтанашонро монданд, Пинҳон шуда гӯш доданд. Гапҳошонро шуниданд, Шикорашонро диданд.