Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Накарда қайди ғизоле гиреҳкушоии мо,

Накарда қайди ғизоле гиреҳкушоии мо, Гиреҳ зи дил накушояд ғазалсароии мо. Фурӯғи базми сухан з-оташи дил аст, оре Зи ошноии ишқ аст рӯшноии мо. Садои савти муғаннӣ аҷаб баланд уфтод, Ба ҳарза паст нашуд сити порсоии мо. Гадоии раҳи фақр аст кори мо ҳама умр, Бас аст дасти тиҳӣ ҳосили гадоии мо. Сагони кӯи ту худро ҳамениҳем лақаб, Бибин, ки то ба чӣ ҳад аст худситоии мо! Зи мо тариқи ҳидоят маҷӯ, ки ҷилваи ҳусн, Кунад ба гумраҳии ишқ раҳнамоии мо. Бутони шаҳр бурунанд,Ҷомӣ, аз ҳади васф, Ба васфашон нарасад ақли рустоии мо.