Абр тунг занад бар замини нарм, нарм об,
Абр тунг занад бар замини нарм, нарм об,
На гарду на гил аст, на соя, на офтоб.
Дар кӯҳ ҷоми лола пур аз шабнами саҳар,
Дар дашт фарши сабза тар аз рашҳаи саҳоб.
Вақт аст, агар пиёда ба саҳро бурун равем,
Даст аз инон надида ано, пой – аз рикоб.
Ҳамраҳ барем рағми сафиҳони шаҳрро,
З-асбоби ишқ ҳарчи шуморад хирад савоб.
Бо чанд ёри покзамири латифтабъ,
Софидили латифашиноси дақиқаёб.
Омез кори тар ба ҳам, аз шир бо шакар,
Пайванд ҷӯй тар ба ҳам, аз нуқл бо шароб.
Не талх ронда бар лаби ширинашон мизоҷ,
Не чин фиканда дар хами абрӯяшон итоб.
В-ар дилбаре латиф намояд зи ғайб рӯй,
Чун моҳ – бениқобу чу хуршед – беҳиҷоб.
Гоҳе ба он, зи ғамзаи хунрез дар ҷадал,
Гоҳе ба ин, зи лаъли шакарбор дар хитоб.
Он худ атияест, ки дар фаслҳо сухан,
Натвон адои шукру суолаш ба ҳеч боб.
Ҷомӣ, даҳон бибанд, ки сард ояд ин нафас
Акнун ки субҳи шайб дамид аз шаби шабоб.
Инҳо ҳама саробу ту бисёр ташнаӣ,
Бигзар, ки ташнагии ту наншонад ин сароб.
Худро фикан ба қаъри муҳите, ки мавҷи он
Баҳри ду кавнро наниҳад қадри як ҳубоб.