Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ганҷи ҷамоливу коинот харобат,

Ганҷи ҷамоливу коинот харобат, Шоҳиди ғайбиву обу хок – ниқобат. Масти ту будам, ҳанӯз мабдаи фитрат, Дасти фароғат нишаста аз гилу обат. Ҷону дилам тоза шуд зи ваъдаи васлат, Хосияти об ёфтам зи саробат. Нозкунон шаб хаёли ту ба ман омад, Гуфтамаш: Эй ҷон фидои нозу итобат, Мулки вуҷудам гирифт ишқи ту яксар, Гуфт: «Изо уммат-ал-ба-лайта-тобат». Рӯй ба ишқ ор, Ҷомӣ, аз ҳама олам, То бинамояд тариқи сидқу савобат. Кашфи ҳиҷоб аз китоби ақл чӣ ҷӯйӣ? Чун зи варақҳо-ш ту ба туст ҳиҷобат.