Савори ман, ки ғубори раҳаш ба моҳ расид,
Савори ман, ки ғубори раҳаш ба моҳ расид,
Нишаста гард ба рух, чоштгаҳ зи роҳ расид.
Чу маҳ ба мавкаби сайёра буд шабгираш,
Вале ҷарида чу хуршед чоштгоҳ расид.
Паноҳ сохта хуршедро ба мушкин чатр,
Ба фарқи роҳнишинони бе паноҳ расид.
Зи кӯси шоҳиву бонги сипоҳияш бархост
Хурушу валвала аз шаҳру кӯки шоҳ расид.
Сарам зи торами иззат ба хоки по-ш фитод,
Зи остони мазаллат ба садри ҷоҳ расид.
Накарда даъвии ишқаш ҳанӯз сина ба оҳ,
Зи ашки сурхи ман аз ҳар мижа гувоҳ расид.
Чи наъраҳо, ки баромад зи суфиён аз шавқ,
Чу назми дилкаши Ҷомӣ ба хонақоҳ расид.