Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Он турки каҷкулаҳ, ки ҳавои шикор кард,

Он турки каҷкулаҳ, ки ҳавои шикор кард, Дар як қабо ҳазор балоро савор кард. Зад мужда сабзасон зи суми бодпо-ш сар, Бар ҳар замин, ки роҳ чу боди баҳор кард. Бибрид тан зи ҷон, ки шавад гард дар раҳаш, Аз гарди раҳ чу ҷо ба миёни ғубор кард. Кушта махон шикори варо, з-он ки чун расид Тираш бад-ӯ, зи шодии он ҷон нисор кард. Чашм аст захми ӯ, ба тани сайд тир аз ӯ Чун бигзаронд, сӯи худаш чашми чор кард. З-ин сон к-аз ӯ чу лола барам доғҳо ба хок, Хоҳад замона хоки маро лолазор кард. Ҷомӣ, ки шуд хамида ба базми ғамаш чу чанг Аз риштаҳои чанг бар он чанги тор кард.