Ҳар кас, ки суди чеҳра ба роҳи ту суд кард,
Ҳар кас, ки суди чеҳра ба роҳи ту суд кард,
Дар рӯи ту ҷамоли азалро суҷуд кард.
Мискин фақеҳ гӯши ишоратшунав надошт,
Манъи самоу замзамаи чангу руд кард.
Дерест мезанад дами иршод шайхи шаҳр,
Он норасида даъвии ин кор зуд кард.
Сӯфӣ надошт ҷозибаи сайди ҳеч кас,
Коре, ки кард сабҳаву далқи кабуд кард.
Зоҳид набурд роҳ ба сарманзили фано,
Бечора чун таҳаммули бори вуҷуд кард?
Афсурдагон ба соҳили ҳирмон нишастаанд,
Хуш он, ки ҷо ба луҷаи баҳри шуҳуд кард.
Ҷомӣ, ҳамеша буд хароб аз суруди ишқ,
Омад садои най, мадади он суруд кард.