Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар,

«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар, Мо зарра сирр-и-ваҳдатиҳу касрат-ус-сувар». Нури вуҷуд меҳру ҳақоиқ маҳанд, аз ин Бишнос маънии ҷамеъ-ул-шамс ва-л-қамар. Сорест дар ҳама, чу ба зоту сифоти хеш, Донӣ, ки ӯст, гар ба ҳақиқат кунӣ назар. Гӯё ба ҳар забону тавоно ба ҳар тавон, Доно – ба ҳар басирату бино – ба ҳар басар. Кай з-ӯ хабар ба як сари мӯ ёбад он ки ҳаст, Дар роҳи ишқ як сари мӯ аз худаш хабар. Баҳри сифоти ишқу кадар мосивои ӯ, Шав ошнои баҳри сафо в-аз кадар гузар. Ҷомӣ, сарири хомаат инно аналлаҳ аст, Гӯё, ки ту калим шудӣ хомаат – шаҷар.