Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷавҳар вуҷуди ишқ бувад, мобақо – араз,

Ҷавҳар вуҷуди ишқ бувад, мобақо – араз, Ан фо такум фалайса ламо фоти ман аваз. Шуд умрҳо, ки аҳди вафо бастаам ба ишқ, Умре мазо ва аҳдӣ бил ишқи мабтаа. Аз баҳри ишқ ғазз ба сар кун, ки оқибат, Иззи ано мул аст мукофоти тарки ғаз. Бо аҳли байт ишқи маволот нуқс нест, В-ар худ ба фарз ҳаст фи Тубӣ ли ман рафаз. З-афсурдагии ҷаҳлу касал хушк мондаӣ, Ҷуз сӯзи ишқ нест мудовои ин мараз. Ҷомӣ чу ҳамли бори муҳаббат ба сидқ кард, Саҳл аст агар ҳасуд кунад ҳамл бар ғараз.