Офтобӣ туву аъёни вуҷудат матлаъ,
Офтобӣ туву аъёни вуҷудат матлаъ,
Пеши ориф лақабат воҷиби мумкин бурқаъ.
Чун ниҳам пойи талаб дар равиши ақл, ки ҳаст,
Кӯтаҳ аз домани идроки туаш дасти тамаъ.
Ҷоми май ишқи ту дар дафтари авбош навишт,
Вақти он шуд, ки кунам тай варақи зуҳду вараъ.
Асли ҳар хӯшаву хирман, ки бувад, як дон аст,
Ки дамидаст аз он донаи асл он мазраъ.
Ҷомӣ, аҳсант, к-аз ашъори бадеъуслубат,
Ҳаст дар олами ваҳдат даре аз ҳар мисраъ.