Гарчи сӯзад дили парвона зи савдои чароғ,
Гарчи сӯзад дили парвона зи савдои чароғ,
Накунад пеши маҳи рӯйи ту парвои чароғ.
Зери пои ту сари зулфи сиёҳи ту кунад
Равшан ин нукта, ки торик бувад пои чароғ.
Орзуманди рухи хуби ту дар рӯзи фироқ,
Шабнишин аст ба дил доғи таманнои чароғ.
Мебарад кокули мушкини туро бод зи ҷой,
Дудро кай бувад ором зи болои чароғ.
Оташи шавқи ту дар ҷони чароғ афтодаст,
Парда аз ораз агар во бикунӣ, войи чароғ.
Шамъи рухсори ту бас анҷумани оламро,
Ки бипӯшид рухи анҷуманорои чароғ.
Партави рӯйи туро тоб наёрад хуршед,
Н-ояд аз дидаи шабкӯри тамошои чароғ.
Ҷой кун дидаи Ҷомӣ, чу шавӣ базмфурӯз,
Ки муносиб нафитад рӯйи замин ҷои чароғ.