Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар наъти бақо нест касе бо ту мушорик,

Дар наъти бақо нест касе бо ту мушорик, Ваҷҳи ту бувад боқиву боқӣ ҳама холик. Ҳар ҷо зада з-асмои ту одам дами анбо, Субҳонака ло илма лано гуфта малоик. Аз зулмати зулфат натавон бурд бурун роҳ, Гар нӯри ҷамолат нашавад раҳбари солик. Дар силки масокини ту суккони савомеъ, Дар хайли мамолики ту шоҳони мамолик. Обид зи ту маҳҷуб ба такмили ибодот, Ҳоҷӣ зи ту маҳрум ба таҳқиқи маносик. Аз ом к-ал аном маҷӯ ҳиммати покон, Меъроҷи малоик набувад кори аволик. Бо ҳирсу ҳаво нест ғазо тоқати воиз, Раънои маҷолис набувад марди маорик. Гуфтӣ бадар ой аз ҳама то бо ту дароям, Фил қалби фидои лака валрӯҳи казолик. Ҷомӣ, ба ғами ишқи ту аз фазли ту афтод, Мавлои камо кунта тафаззалта фаборик.