Муҳтасиб андохт дар майхона санг аз роҳи ҷанг,
Муҳтасиб андохт дар майхона санг аз роҳи ҷанг,
Войи риндон, гар дарояд пойи хум якраҳ ба санг.
Маҷлиси он маҳ баҳористони айшу ишрат аст,
Гул дар ӯ рухсори соқӣ, лола ҷоми бодаранг.
Қосиди вақти хушам дар майкада мутриб куҷост?
То диҳад дар пойи хум домони мақсудам ба чанг.
Сӯфиям он дам, ки гардад вақти ман хуш дар самоъ,
Чоки расвоӣ занам дар хирқаи номусу нанг.
Дар рухат аз хатти зангоре сафои дигар аст,
Гарчи орад бесафоӣ дар рухи ойина занг.
Он ки чатраш парри мурғон, маркабаш боди сабост,
Чун равад дар реги оташ бори ӯ бо мӯри ланг.
Гунбади нилуфарӣ бо ин ҳама шамъу чароғ,
Бе ту Ҷомиро намояд кулбаи торику танг.