Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бархез то ба ҷониби гулшан гузар кунем,

Бархез то ба ҷониби гулшан гузар кунем, Пеши синони хори ғам аз гул сипар кунем. Чун ғунча лаб ба ханда кушоем дар чаман, Хунҳои баста таҳ ба таҳ аз дил бадар кунем. Ҳозир кунем лолаву наргис ба базми хеш, З-он соғари ақиқ в-аз ин ҷоми зар кунем. Чандон хӯрем май, ки чу наргис ба пойи гул, Фардои ҳашр маст сар аз хок бар кунем. Шоҳид чӣ ҳоҷат аст чунин, к-аз дарахти гул Гулчеҳрае бапост, ба ҳар сӯ назар кунем. Ҷомӣ, биёву дафтари худ боз кун чу гул, То гуфтугӯи маҷлисиён мухтасар кунем.