Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам,
Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам,
Нақди ғами ту ганҷ ба вайронаи дилам.
Аз ғам маро чӣ бим, ки ҳаст аз ҳарими васл,
Сад равзани умед ба ғамхонаи дилам.
Пеш аз асоси гунбади фирӯзаи сипеҳр,
Ишқат кашида рахт ба кошонаи дилам.
Машъалфурӯзи базми ҷинон аст рӯйи ту,
З-ин оташ аст сӯхта парвонаи дилам.
Фардо, ки нам расад ба гилам з-абри навбаҳор,
Рӯяд гиёҳи меҳри ту аз донаи дилам.
Ҳар дам зи шавқи лаъли туам дида соғарест,
Пур карда аз тарашшуҳи паймонаи дилам.
Аҷзои назму наср, ки Ҷомӣ навиштааст,
Ҷуз вай ҳикоятест зи афсонаи дилам.