Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам,
Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам,
Зи оғозаш наям огоҳу поёнаш намедонам.
Чу чавгон бозад он маҳрух, касе кай сар кашад,
чун ман
Дар ин майдон сареро гӯи чавгонаш намедонам.
Гузашт он сарви гулрух доманафшон дар чаман рӯзе,
Абири ҷайби гул ҷуз гарди домонаш намедонам.
Сафои тан диҳад рози дилаш берун, вале гардад
Ҳиҷоби ман, ки дар дил рози пинҳонаш намедонам.
Чу хояд лаб, к-аз ӯ хоҳам ниҳам ҷон зери дандонаш,
Ки аз бас лутфи тоби захми дандонаш намедонам.
Нахоҳам фусҳати боғу мусалсал обҳо дар вай,
Ки бе дидори ӯ ҷуз банду зиндонаш намедонам.
Мусалмонӣ бувад баҳри бутон дин бохтан, Ҷомӣ,
Аз ин дин ҳарки баргардад, мусалмонаш намедонам.