Эй, аз ту ба хуни дил рангин чу гулам домон,
Эй, аз ту ба хуни дил рангин чу гулам домон,
Бурд аз дили ман доғат савдои гуландомон.
Рӯят зи назар пинҳон дар васфи ҷамолат пур,
Ҳам зовияи хосон, ҳам анҷумани онон.
Нӯшанд майи гулгун, резанд зи мижгон хун,
Дур аз лабат ин бошад айши қадаҳошомон.
Хунобаи дил дорам хун аз дили худкомӣ,
Оҳ аз дили худкомам, дод аз дили худкомон.
Гар бесару сомонам, эй хоҷа, мазан таъна,
Ошиқ, ки гузашт аз сар, фориғ бувад аз сомон.
Сад бор агар зоҳид аз хушкии худ сӯзад,
Дар доғи абас бошад аз доираи хомон.
Дар тавқи накӯномӣ, завқе набувад, Ҷомӣ,
Он беҳ, ки барорӣ сар аз ҳалқаи бадномон.