Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Баҳри хаданги оҳ аз бедоди дилситонӣ

Баҳри хаданги оҳ аз бедоди дилситонӣ Бошад ба паҳлуи дил ҳар устухон камоне. Аз нолаи дамодам фарсуда шуд забонам, Мебоядам зи оҳан ҳамчун ҷарас забоне. Умре ба пеши Ширин будӣ танам нишона, Инак, ба сина ҳар ҷо аз захми ӯ нишоне. Оҳе, ки дур аз он маҳ хӯрдам фурӯ ба сина, Баҳри хароши ҷонам шуд оташин синоне. Бошад баҳори хуррам он рух зи сабзаи хат, Ё раб мабод ҳаргиз осебаш аз хазоне. Аз заъфу аҷзу пирӣ, Ҷомӣ, зи ҷо фитодӣ, Эй вой, агар нагирад дасти ту навҷавоне!