Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне,

Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне, Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ. Равшан ба ту гӯям, ки шаби қадр кадом аст, Гар з-он, ки ту идроки шаби қадр тавонӣ. Он аст шаби қадр, ки бар ҷони Муҳаммад Қуръони азим омадаву сабъи масонӣ. Он аст шаби қадр, ки аз нури ҷамолаш Вораст Калим аз шаби торики шубонӣ. Он аст шаби қадр, ки бар талъати моҳӣ, То матлаъи фаҷраш ба тамошо гузаронӣ. Моҳе, ки бувад ғояти ҳоҷоту мақосид, Моҳе, ки бувад қиблаи омолу амонӣ. Ҷомӣ, чу ба ин шаб бирасӣ аз пайи умре, Зинҳор, саломи мани бедил бирасонӣ.