Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Равшан шабе, ки шамъи шабистони ман шавӣ,

Равшан шабе, ки шамъи шабистони ман шавӣ, Зулматзудои кулбаи эҳзони ман шавӣ. Ҷон рехтам ба пои ту аз чоки сина, кош По дар ҳарими сина ниҳӣ, ҷони ман шавӣ. Покон наянд дархӯри ту, синаҳо кабоб, Ман чун барам хаёл, ки меҳмони ман шавӣ. Бо бод ҳамнафас накунам сӯят оҳро, Тарсам чу зулфи хеш парешони ман шавӣ. Ҳайрониям хамӯш кунад в-арна пеши ту Чандон кашам нафир, ки ҳайрони ман шавӣ. Чун тӯтиён, ба шукри ту шаккаршикан шавам, Гар з-он даҳону лаб шакаристони ман шавӣ. Ҷомӣ, манам ба мулки сухан хусраву хуш он, К-аз хатти хуб хоҷаи девони ман шавӣ.