На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ,
На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ,
Ин ҳама бар ту ҳиҷоб аст, ту чизи дигарӣ.
Нури покиву фасона-ст ҳадиси гулу об,
Лутфи маҳзиву баҳона-ст ҳадиси башарӣ.
Ҷилваи ҳусни ту аз шакл мубаррост, вале,
Метавонӣ, ки ба ҳар шакл кунӣ ҷилвагарӣ.
Ҳеч сурат натавонад, ки кунад банда туро,
Дар сувар зоҳирӣ, аммо на асири суварӣ.
Ҷон ҳамедонамат он дам, ки ниҳон меоӣ,
Умр мехонамат он ҷо, ки равон мегузарӣ.
Ҳадди андеша набошад сифати хубии ту,
Ҳарчи андеша кунад хотир аз он хубтарӣ.
Дар мароёи сувар нозиру манзур туӣ,
Ваҳдати зоти ту аз ваҳми дуӣ ҳаст барӣ.
Мекунӣ ҷилва нахуст аз рухи хубони ҷаҳон,
Он гаҳ аз дидаи ушшоқ дар он менигарӣ.
Гар на аз дидаи ушшоқ ту бошӣ нозир,
Кист, Ҷомӣ, ки кунад даъвии соҳибназарӣ?!