Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Дӯстӣ

Обу ҳавову хоку дон Ҳастанд бо ҳам меҳрубон, Варна зи хоки нам чӣ сон Дон бо ҳавас сар мекашад? Шӯре наяндозад агар Меҳри замин, абри гузар Рӯйи замин аз тори сар Бо шавқ чодар мекашад? Бо сабза оби ҷӯйбор Лаб мекушояд дӯствор, Варна чӣ сон дар шӯразор Сар сабзаи тар мекашад? Гул рӯ кушояд рӯйи боғ, Булбул кунад гулро суроғ. Аз гул нагардад хушдимоғ, Булбул наво дармекашад? Киште нагардад комёб Аз дӯстии офтоб, В-аз лутфиӯ н-ояд ба тоб, Тасвир аз зар мекашад? Одам ба одам дӯстдор, Бо дӯст одам комгор, Бе дӯстӣ дар рӯзгор Кас зӯри худ бармекашад?

Китобҳои муаллиф