Гули Гулҳо
Аз ёна гул овардем,
Ду дона гул овардем,
Баҳри қ абул овардем,
Гули гулҳо сияҳгӯш.
Гули баҳор омада,
Муждаи кор омада,
Баҳри нисор омада,
Гули гулҳо сияҳгӯш.
Холаҷони хонадор,
Моро накун интизор,
Ҳадяи худро барор,
Гули гулҳо сияҳгӯш.
Гули гулҳо қатор аст,
Ранги чашми хумор аст,
Дар пуштаҳо баҳор аст,
Гули гулҳо сияҳгӯш.
Нисор - ҳадя, тӯҳфа, садака, қурбонӣ
