Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҷайра

Ҷайра аз шикор омад, Кораш бобарор омад, Себи сурхи хубонӣ Дар нӯгаки хор омад, Ҷайра аз шикор омад. Пушти пушта, Зери хор, Баччаҳояш интизор, Ҷайра савғо мебарад Себи сурхи чун анор, Ҷайра аз шикор омад. Ҷайра баромад ба дашт, Кучукча рӯ ба рӯ гашт, Хоракашро ларзонид, Кучукчаро тарсонид, Ҷайра аз шикор омад. Аз шӯъла бар сари ҷар Чодар мекашад саҳар, Баччаякони ҷайра Серанд мисли модар, Ҷайра аз шикор омад.

Китобҳои муаллиф