Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Рӯбоҳ Ва Лаклак

Дармонд устухоне Андар гулӯи рӯбоҳ, Бар назди Лаклак омад Рӯбоҳаки мададхоҳ. Чун дид Лаклаки пир Рӯбоҳи ашкрезон, Биншонд рӯйи курсӣ, Бо шавқ гашт пурсон: - Баргӯ, чӣ сон ту хӯрдӣ Яклухт устухонро? Андешае накардӣ, К-он медарад даҳонро? Чун майдааш накардӣ Бо зӯру зарби дандон? Шуд захмгин гулӯят Аз нӯги тези сутхон? Як пора устухон чун Якбора бар гулӯ рафт? Гар нафси бад набошад, Чун бар гулӯ фурӯ рафт?... Бо чашмҳои хунбор, Бо як азоби ҷонкоҳ, Ба рӯйи Лаклаки пир Оҳиста гуфт Рӯбоҳ. - Аввал раҳонам аз ғам, Бар аз дилам сиёҳӣ, Мекун суолборон Пас ҳар қадар, ки хоҳӣ. Тафсир ҷо надорад, Ҳақ гуфт Рӯбаҳу рост, Дар рӯзгор бисёр Аз кори мо гапи мост.

Китобҳои муаллиф