Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ба Гуфтан Мушкил

Аз домани ҳар рӯзи мо Сар барзанад сад неку бад. Аз хашми абри жолабор Дар зови беобе дамад Селобае дар кӯҳсор. Бо пардаи сарду ситабр Гирад гаҳе гоҳи шитоб Меғи сияҳ роҳи назар, То бандад аз мадди нигоҳ Нури нигоҳи офтоб. Ситеғ - теғаи кӯҳ, теғаи рост, қулла Меғ - абр, туман, ҷуд Гоҳе дар айёми нумӯ Дар боғи чун боғи биҳишт, Дар ҳалқаи сад нахли тар, Дар оғӯши урдибиҳишт Хушкад дарахти борвар. Сар барзанад сад неку бад Аз домани ҳар рӯзи мо… Аммо наёяд боварам, К-осон рафиқи ту барад Аз ёди худ ёди туро. Оне, ки ёди ту рабуд Аз лавҳи ёди хештан, Мушкил ба гуфтан, эй шафиқ, Бовар бикун бар гуфти ман Ҳаргиз туро набвад рафиқ.

Китобҳои муаллиф