Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Сӯҳбати Сомон Бо Оруи Асал

- Ору, ору, эй ору, Сахту сангин кори ту, Аз баҳри андаке шаҳд Рӯзе гул мекунӣ бӯ. Умре овора ҳастӣ, Сарсону саргардонӣ, Оё ҳама гулҳоро Бӯ карда метавонӣ? - Коре сангин асту сахт, К-он табъи дил набошад, Ҳар коре, ки дилхоҳ аст, Ҳаргиз мушкил набошад. Коре, к-аз он суд ояд, Набвад душвору дилсӯз, Душвор асту дилсӯз аст, Гар муфт бигзарад рӯз.

Китобҳои муаллиф