Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Кайҳони Ман

Гаҳвораам ҷунбонд деҳ, Дар мактабам хононд деҳ. Во чун кунам тори гиреҳ, Чун модарам фаҳмонд деҳ. Бе модарам, чун модарам Омӯхт лафзи модарӣ. То бар фалак осон парам, Болам бубахшиду паре. Рафт аз сарам гар модарам, Обаш ба ҷойи шир шуд, В-аз мевааш чашми тарам Ҳам хушк шуд, ҳам сер шуд. Дасти муҳаббат бар сарам Ҳамсояи кампир монд, Ҳар наврасида - додарам, Фарзанди ҷон ҳар пир хонд. Хокаш ба ҷойи марҳаме Шуд рӯйи захми дасту по, Бодаш рабуд аз сар ғ ами Озурдаҷонии маро. Кардам ба роҳи ростон Роҳи раҳомӯзаш равон, То нек бошам дар замон, Некӣ кунам бар одамон… Пас мушти хоку санг нест, Ин деҳа кайҳони ман аст! Онро дигар ҳамсанг нест, Моми беҳ аз ҷони ман аст!

Китобҳои муаллиф