Бовар Бикун! (Чигилак)
Дунё аҷиб асту ғ ариб,
Бовар бикун, ҳайрон машав,
Саҳронишин шуд андалеб,
Кӯҳгард шуд мурғи титав.
Бузғола машғули дарав
Вақти қ иёми офтоб,
Зери шипанги бодрав
Буз дода сар бар дасти хоб.
Дар дасти харгӯшак асо,
Гург аст андар чорхез,
Аз тарси ҷон гурги ало
Рӯ оварида бар гурез.
Аз пушта як пуштора дон
Дар пушти рӯбаҳ гашта бор,
Сарбории бори гарон
Мурғи кулангии чипор.
Болои хона ҷойи саг,
Ҷойи пишак - паҳлӯи дар,
Дар ҷойи саг дарро пишак
Бонӣ кунад шаб то саҳар.
Аз дашт сӯйи кӯҳсор
Оби равон раҳ мекашад,
Кӯлу пасоби бешумор
Раҳ то дари маҳ мекашад.
Дар дил надорад ғ ук ғам,
Дигар наметарсад зи мор,
Аз шомгаҳ то субҳдам
Кораш шикор асту шикор.
Боз ин гапи навро шунав,
Сабзид тут аз тухми себ…
Бовар бикун, ҳайрон машав,
Дунё аҷиб асту ғ ариб.
