Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Се Дӯст

Се дӯст, Се тан раҳнавард, Се кӯҳшиносу кӯҳгард, Се роҳбину гомзан, Гамбуску Мӯру Тортан, Вақти сафар, Зери камар, Диданд рӯйи роҳ ҷар. Селоби тунди зӯрдаст Як ҳисса раҳро бурдааст. Чун бояд аз селобканд Се дӯст акнун бигзаранд? Шиштанду бо ҳам дам заданд, Чун кӯби раҳ барҳам заданд, Мисли се чусти корбанд Бар остинҳоро заданд. Гамбуск шох оварду Мӯр Ҷо кард дар ҷойи убур. Бо тор дар як дам задан Барбаст маҳкам Тортан. Коре, ки дил мехост, шуд, Болои ҷар пул рост шуд. Се дӯст, Се тан раҳнавард, Се кӯҳшиносу кӯҳгард, Се роҳбину роҳдон, Шодон бишуд бар раҳ равон. Аҳл аст ҳампоят агар, Саҳл аст сахтии сафар.

Китобҳои муаллиф