Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Дар Зери Кӯҳи Калон

Дар зери кӯҳи калон Чашмаи калоне ҳаст, Зери чашмаи калон Бурси паҳлавоне ҳаст. Зери бурси паҳлавон Харгӯшак хона дорад, Дар шохи бурси калон Булбулак лона дорад. Харгӯшак бача дорад, Шаш бачаи дилрабо, Булбулак чӯҷа дорад, Шаш чӯҷаи хушсадо.

Китобҳои муаллиф