Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Деҳи Мо

Бо хандаи офтоб Деҳа мехезад аз хоб. Дарҳояш чун шавад боз, Пур мешавад аз овоз. Дар синаи танги кӯҳ Бинӣ дунёи шукӯҳ. Хонаҳо пасту баланд Рӯйи ҳам истодаанд. Ранги бору сарборанд, Болои ҳам саворанд. Пушт ба ҳам ниҳода, Китф ба китф дода, Аз рӯйи оби равон То кӯчаи Каҳкашон…. Дар мағзи кӯҳсорон Бар ҳамдигар, чун инсон, Такя хонаҳо доранд, Бо такя бақо доранд.

Китобҳои муаллиф