Таронаи Гунҷишкак
Офтобак аз пушти кӯҳ
Чун кулча рӯ намояд,
Аз навдаи сабзи бед
Гунҷишкак месарояд:
Шоми зулмонӣ гузашт,
Субҳи дилафрӯз омад,
Рӯзи беҳе аз имрӯз
Ҳамраҳи Наврӯз омад.
Пойи печидаро барф
Берун кашид аз ёла,
Домони пуштаҳо шуд
Ҷое барои лола.
Шоми зулмонӣ гузашт,
Субҳи дилафрӯз омад,
Рӯзи беҳе аз имрӯз
Ҳамраҳи Наврӯз омад.
Вақт насиби мо шуд,
Мавҷ зан, обаки рӯд!
Сӯйи ҳар дару ҳар кӯй
Бубар паёму дуруд!
Шоми зулмонӣ гузашт,
Субҳи дилафрӯз омад,
Рӯзи беҳе аз имрӯз
Ҳамраҳи Наврӯз омад.
