Абр Омад
Аз ин тараф абр омад,
Аз он тараф абр омад,
Абри мисли бабр омад,
Тунд омад, ситабр омад,
Фурӯ хуршедро бурд.
Оташ гирифт абри тар,
Пур шуд фазо аз шарар,
Сум кӯбиду шиҳа кард
Мисли асп абри тундар,
Ҳуши маро ҳаво бурд.
Аз бими ҷон ворастам,
Дар аз рӯям набастам,
Дасти тоқат дар дастам,
Дар кунҷи дар нишастам,
Борон ҷӯро дарё кард.
Чобук омад яке бод,
Чун шер омад ба фарёд.
Силӣ зад абрҳоро,
Пушти пушта ҳаво дод,
Хуршедро раҳо кард.
