Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Шоха

Шоха мададгори кас, Шоха дасти дароз аст. Сад мушкил осон кунад, Маҳрами дасти боз аст. Коре чун марди деҳқон Дар ҳар қ адам мекунад: Чусту чолок алафро Шоха ғарам мекунад. Дарза-дарза аз ангор Гардумро мебардорад, Даста-даста беозор Сӯйи хирман меорад. Хирманро мекунад бод Рӯзонаву шабона, Шоха ҷудо мекунад Каҳро осон аз дона. Гар шоха нагардонад, Аз пахта нам меравад? Бе шоха кӯҳи пахта Боло магар мешавад? Марди деҳқон медонад Бо шоха шасти худро. Биё, бо шоха санҷем Зӯри ду дасти худро.

Китобҳои муаллиф