Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Гаҳвораҷунбон

Дар кӯҳ не, Дар дашт не, Дар пуштаву хамгашт не, Дар боғ, Дар паҳлӯи рӯд, Дар шохи сабзи шоҳтут, Гунҷишкаки зебояке, Зебояки донояке, Як лонаи дилҷӯй дошт, Шаш баччаи хушрӯй дошт. Ҳар субҳдам чир-чиркунон, Бо селаи гунҷишкакон, Мерафт он зебоякак, Зебояки доноякак. Аз ин тараф, Аз он тараф, Дар нӯлакаш дону алаф, Бар лона меовардӯ, Хуш зиндагӣ мекардӯ. Дар он замон, Дар он макон, Дар бехи як беди калон, Як мор буд, Бекор буд, Бисёр ҳам айёр буд. Мекард рӯзу шаб суроғ Он лонаро дар саҳни боғ. Мегашту мегуфт ин сухан: - Оҳ-ҳой, ширинкор ман! Овардаам бозичаҳо: Нилобию сурху ало, Пистоқию зарду сафед, Баҳри тамошояш давед!... Дар макр чун рӯбоҳ буд, Аз макриӯ огоҳ буд, Гунҷишкаки зебоякак, Зебояки доноякак, Ҳар гаҳ равад бар обу дон,

Китобҳои муаллиф