Аз Қаротоғ омадем
Аз Қаротоғ омадем,
Сина ба доғ омадем.
Сина ба доғ чӣ бошад?
Ёр суроғ омадем.
Рафтем болои Ҳисор,
Дидем духтари бисёр.
Яктош рӯймоли шол дорад,
Кандата зан, духтар дор!
Аз Қаротоғ омадем,
Сина ба доғ омадем.
Сина ба доғ чӣ бошад?
Ёр суроғ омадем.
Ҳисорӣ духтар чу гул,
Бофта ба мӯй чил кокул.
Вақте байт барак кунад,
Забонакаш чу булбул.
Аз Қаротоғ омадем,
Сина ба доғ омадем.
Сина ба доғ чӣ бошад?
Ёр суроғ омадем.
Боғ дароед, янгамо,
Чорбоғ дароед, янгамо.
Ангурҳомон расидааст,
Чида бароед, янгамо.
Тори боми амакам,
Кафтарча бозӣ мекунад.
Зани хурди амакам,
Остинча бозӣ мекунад.
Боғ дароед, янгамо,
Чорбоғ дароед, янгамо.
Ангурҳомон расидааст,