Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон,

Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон, Ба шакарханда кушояд гиреҳ аз кори ҷаҳон. Дил ҳамеҷуст нишоне зи миёни ту, вале Ҷуз магар з-он талабаш ҳеч наёмад ба миён. Баҳра аз мим, ки монад ба даҳонат лаброст, Сар бароварда ба лаблесӣ аз он аст забон. Чун кунӣ ғамза дар абрӯ, мафикан чин, ки дареғ, Тир чун рафт дигар боз наёяд ба камон. З-устухонҳои сафед аст сари кӯйи ту пур, Пеши тири ту зи ушшоқ ҳамин монда нишон. Партави лаъли лабат аз дили Ҷомӣ пайдост, Бода дар шишаи софӣ натавон дошт ниҳон.