Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй ишқи пурғавғо, ки дар ҳар ҷо фурӯд оӣ,

Биё, эй ишқи пурғавғо, ки дар ҳар ҷо фурӯд оӣ, Ғам орӣ, ҷон гудозӣ, умр коҳӣ, меҳнат афзоӣ. Чӣ гуфтам, лав ҳашаллоҳ, чун зи рух парда барандозӣ, Ҷаҳонро зебу фар бахшиву оламро биёроӣ. Ту чун ғунча даруни ҳаҷлаи иззат, чӣ ғам з-онат, Ки бо доғи ту ҳамчун лола халқе гашта саҳроӣ. Зи шавқи лаҳни мавзуни ту булбул дар навосозӣ, Ба васфи лаъли майгуни ту тӯтӣ дар шакархоӣ, Ба шакли мо бароӣ, то туро оинае бошад, Ки худро ҳам ба худ зоҳир дар он оина бинмоӣ. Туӣ дар қолиби мо ҷону дар ҷон мояи шодӣ, Туӣ дар пайкари мо дидаву дар дида бинмоӣ. Ба ҷуз пиндори ҳастӣ нест ранҷи ошиқон, Ҷомӣ, Бишӯй олоиши пиндори ҳастӣ, то биёсоӣ.