Нишастӣ дур аз ин муштоқи маҳҷур,
Нишастӣ дур аз ин муштоқи маҳҷур,
Ки натвон моҳро дидан ҷуз аз дур.
Сулаймонӣ туву лаъли ту хотам,
Хатат бар гирди хотам анбарин мӯр.
Фурӯзон з-оташи ту доғ бар доғ,
Бувад бар синаам нури ало нур.
Ба кунҷи хилватам манмо раҳ эй шайх,
Макун ғамдидаеро зинда дар гӯр.
Гузаштам бар дарат нодида дидор,
Биҳиште дидам, аммо холӣ аз ҳур.
Бувад дар васфи хубон шеъри Ҷомӣ,
Ба амри ишқ вал маъмури маъзур.
Бувад як байти маъмур осмонро,
Замин аз шеъри ӯ пур байти маъмур.