Биё эй орзуи ҷони ошиқ,
Биё эй орзуи ҷони ошиқ,
Давои дарди бедармони ошиқ.
Киром ал котибин нанвишта ҳарфе
Ба ҷуз ишқи ту дар девони ошиқ.
Агар фардо на дидори ту бошад,
Шавад боғи Ҷинон зиндони ошиқ.
Ҳазорон Нӯҳро кардаст ғарқа,
Ба гирдоби фано тӯфони ошиқ.
Ба кунҷи фақру кӯйи номуродӣ,
Агар як шаб шавӣ меҳмони ошиқ.
Кабоб аз дил, шароб аз дида бинӣ,
Муҳайё сохта бар хони ошиқ.
Ба ҷуз хуни ҷигар ҳаргиз муроде,
Ғамат нанҳод дар домони ошиқ.
Ба хоки куштагон он нест лола,
Алам зад оташи пинҳони ошиқ.
Бубин назми хуши Ҷомӣ, ки нашкуфт,
Чунин гул ҳаргиз аз бустони ошиқ.