Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар хазон оядам аз ранги разон бӯйи фироқ,

Ҳар хазон оядам аз ранги разон бӯйи фироқ, Зард шуд рӯям аз ин ғам, ки сияҳрӯйи фироқ. Нест чун васли ту холӣ зи мулоқоти рақиб, Мекашам рахти иқомат ба сари кӯйи фироқ. Баҳри санҷидани сабри дили маҳрум зи васл Кӯҳи андӯҳ бувад санги тарозӯи фироқ. Доғҳо бар дили ман рӯзи висол оташҳост, Ки ба ҷо монда паси кӯч зи урдуи фироқ. Бо ту чун дар ҳарами васл наям ҳамзону, Аз ту маҳрум нишинам паси зонуи фироқ. Ҳаст майли дилам он сӯй, ки майли дили туст, Гарчи бошад ба масал майли дилат сӯи фироқ. Ҷомӣ, он беҳ ки ниҳӣ тан ба заъифӣ, чу намонд Панҷаи сабри туро тоқати бозӯи фироқ.